image

Мусобиқаи байналмилалии “Dushanbe Grand Slam 2024” оид ба ҷудо ба анҷом расид

date_range07.05.2024, 11:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye82

Давоми се рӯз дар қалби Тоҷикистон мусобиқаи ҷаҳонии “Dushanbe Grand Slam 2024” баргузор гардид, ки дар он беҳтарин ҷудокорони олам иштирок доштанд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 37 ҷудокор намояндагӣ карда бо гирифтани як медали тилло се нуқра ва се биринҷӣ ноил гардиданд.

Мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam 2024 оид ба ҷудо дар пойтахти Тоҷикистон ба анҷом расид. Тоҷикистонро дар ин рӯз 12 ҷудочӣ муаррифӣ намуд. Дар рӯзи охир Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) медали нуқра, Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ ва Ҷаҳонгир Маҷидов (дар вазни -100 кг) медали биринҷии мусобиқаро соҳиб шуданд. Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.

Ҷудокори дигари мо Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -90 кг медали биринҷии «Dushanbe Grand Slam 2024»-ро ба даст овард. Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода дар вазни -90 кг варзишгаронро аз Гурҷистон, Фаронса ва Бразилияро шикаст дод. Барои дарёфти медали биринҷӣ Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода Теодорос Тселидисро аз Юнон мағлуб намуд.

Варзишгари дигари мо Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг медали биринҷии «Dushanbe Grand Slam 2024»-ро ба даст овард Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -100 кг варзишгаронро аз Ҳиндустон, Қазоқистон ва Хорватияро шикаст дод. Барои дарёфти медали биринҷӣ Ҷаҳонгир Маҷидов Тома Никифоровро аз Белгия мағлуб намуд.

Варзишгари Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқраи «Dushanbe Grand Slam 2024»-ро ба даст овард. Дар роҳ ба финал Темур Раҳимов варзишгарон аз Испания, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд. Дар финал Темур Раҳимов аз Тедди Ринери фаронсавӣ мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалин мусобиқаи байналмилалӣ Dushanbe Grand Slam 2024 ҷудочиёни Тоҷикистон 7 медалро соҳиб шуданд. Муҳаммадсолеҳ Қувватов (дар вазни -60 кг) медали тилло, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Муллораҷаб Халифаев (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода (дар вазни -73 кг) медали нуқра, Муҳаммаҷон Абдуҷалилзода (дар вазни -90 кг) медали биринҷӣ, Ҷаҳонгир Маҷидова (дар вазни -100 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (дар вазни +100) медали нуқра ба даст оварданд.