image

Таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Шоҳмансур

date_range15.05.2024, 13:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye181

Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Шоҳмансур бо баргузор кардани чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Оила – сарчашмаи муҳаббат” таҷлил карда шуд. Дар чорабинии мазкур маросими ақди никоҳ, тӯйи рамзии миллии тоҷикона ва супоридани туҳфаҳо ба оилаҳои намунавӣ ҷараён гирифт.

Чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Оила – сарчашмаи муҳаббат” дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ташрифи намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, собиқадорони меҳнат ва меҳмонон шуруъ шуд. Ташкилкунандагон меҳмонони чорабинии фарҳангиро ба тамошои базми рамзии қадимаи миллати тоҷик - саршӯён даъват карданд. Таҳти навои суруду мусиқии миллӣ маросими саршӯён намоиш дода шуд.

Ташрифи домод ба назди арӯс, пошидани шириниҳо, ҳинобандон, ноншиканӣ, фотиҳа ва дигар урфу одат, аз ҷумлаи дигари расму оини хонавдоршавӣ буд, ки ин ҷо дар сатҳи баланди ташкилӣ ба иҷро расид. Ҳамин тавр, маъракаи саршӯён дар ин базми хуррам ва пур аз шодиву фараҳ тантана кард.

Дар базмгоҳи асосӣ муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронии хеш аз қадру манзалати оилаву оилавдорӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф кардааст. Аз ин рӯ, оила бақои давлат ва ҷамъият маҳсуб меёбад. Гуфта шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии оила ба 18 нафар тифли навзод аз оилаҳои камбизоат шаҳодатномаҳои ройгон тақдим намуд. Дар ин чорабинии фарҳангӣ даҳ ҷуфт оилаҳои намунавии ноҳия барои муқаддас донистани арзишҳои оиладорӣ, нигоҳдории меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ дар оила, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона, саҳми арҳанда гузоштан дар таълиму тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур ва дигар туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Дар чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони “Оила – сарчашмаи муҳаббат” ҳамчунин маросими ақди никоҳи як ҷуфт ҷавонон ҷараён гирифт ва ақди никоҳи онҳо расман ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Дар интиҳои чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи замон барномаи бошукӯҳи фароғатӣ доир гардид, ки аксари иштирокчиён рақсиданду хушҳолӣ карданд.

Умедҷон Сайдиллоев
"ТВ Душанбе"