image

Дар маҳаллаи Улуғбеки ноҳияи Шоҳмансур намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани таомҳои миллӣ доир гардид

date_range11.07.2024, 10:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye201

Дар доираи Нақшаи амалии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо занону бонувон, ҷавондухтарони маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия вобасата ба пухтани таъомҳои миллию маҳаллии аз байнрафта, ривоҷ додани пухту пази таъомҳои миллӣ, духтани даврию сузанӣ, либос, дигар шаклҳои миллӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар нимсолаи дуюми соли 2024 дар маҳаллаи Улуғбеки ноҳияи Шоҳмансур намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани таъомҳои миллӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД ш.Душанбе, бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Шоҳмансур ва ҳунармандони маҳаллаи Улуғбек иштирок намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби занону бонувони ҳунарманди маҳаллаи Улуғбек таомҳои миллӣ омода гардид. Онҳо таъкид медоранд, ки ҳамасола бо пухта расидани меваҳои шаҳдбори кишвар ба омода намудани шарбати мева машғул мешаванд ва дар ин замина аз меваву сабзавот захираи зимистона низ омода мекунанд.

Сокинони маҳаллаи Улуғбек қайд намуданд, ки занону бонувони ҳунармнади маҳалла дар рӯзҳои ғайрикорӣ ҳамингуна ба ҳам омада, ҳунарҳои мардумии азбайнрафтаи миллати тоҷикро аз нав рушд медиҳанд ва ҳамзамон дар ин доира ба омода намудани хуроқхои миллӣ машғул мешаванд. Тавре ки гуфта шуд занону бонувони маҳалла зиёд кушиш мекунанд, ки ҷавон духтарони маҳалла ҳунарҳои мардумӣ махсусан тарзи омода намудани хурокҳои миллиро дуруст аз бар намоянд. Мавриди зикр аст, ки дар асоси нақшачорабии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар дигар маҳаллаҳои ноҳия низ чунин чорабиниҳои омӯзишӣ ташкил карда мешавад.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"