image

Маросими ҷоизасупории даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»

date_range26.07.2024, 11:17 chat_bubble_outline0 remove_red_eye189

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2024 низ баргузор гардид.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид. Озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе дар сатҳи зарурӣ бо инобати номинатсияҳо ва баҳогузории муносиб роҳандозӣ гардида, аз 348 иштирокчӣ 115 нафар барандаи ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Маросими ҷоизасупории даври шаҳрии ин озмун дар толори Раёсати фарҳанги МИҲД-и шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои шаҳрию ноҳиявӣ, ғолибони даври шаҳрии озмун ва пайвандони онҳо баргузор гардид.

Дилбар Одилзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе бо сухани ифтитоҳи аз номи Раиси шаҳри Душанбе ғолибонро муборакбоди карда, аз дастгириву роҳнамоиҳои Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ибрози андеша карданд. Тавре гуфта шуд, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 инҷониб баргузор шуда, мақсади озмун муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, таблиғ ва эҳёи санъати миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неки аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд, коллексияҳо ва асарҳои рассомӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол тибқи муқаррароти Низомнома ва нақшаи тасдиқшуда, даврҳои якум ва дуюми Озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз рӯи панҷ номинатсия ҷамъбаст гардид. Ҳамагӣ дар даври якуми озмун 5302 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин миқдор 2755 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

Даври дуюми озмун, ки аз 10 то 25 июн соли 2024 доир гардид, аз 2755 нафар довталаб 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.

Дар идома ба мудирони бахшҳои фарҳанги ноҳияҳои пойтахт сипосномаи МИҲД-и ш.Душанбе барои саҳми арзанда гузоштан ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани озмун супорида шуд.

Дар идома аз рӯи номинатсияҳои озмун ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Теҳрон Файзов
"ТВ Душанбе"