image

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Сино

date_range02.08.2024, 12:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye173

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҳким бахшидани корҳои идеологӣ ва тарғиботию фаҳмондадиҳӣ, инчунин вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ дар маҳаллаҳои кишвар дар маҳаллаи Деҳи болои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе чорабинии рушди ҳунаррҳои мардумӣ ва кадбонугӣ баргузор шуд.

Дар доираи Нақшаи амалии бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати баргузории мулоқоту вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо занону бонувон, ҷавондухтарони маҳаллаҳо ва КВД «Манзилхизматрасон»-ҳои ҳудуди ноҳия вобасата ба пухтани таъомҳои миллию маҳаллии азбайнрафта, ривоҷ додани пухту пази таъомҳои миллӣ, духтани даврию сузанӣ, либос, дигар шаклҳои миллӣ ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик дар нимсолаи дуюми соли 2024 дар маҳаллаи Деҳи болои ноҳияи Сино намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва омода намудани таъомҳои миллӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ намояндагони бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва ҳунармандони маҳаллаи Деҳи боло иштирок намуданд. Ҳамзамон аз ҷониби занону бонувони ҳунарманди маҳалла таомҳои миллӣ омода гардид. Бо инобати оне ки айни замон фасли тобистон аст занону бонувони маҳалла ҳамзамон бо истифода аз фурсат ба омода намудани шарбати мева низ машғул буданд. Онҳо таъкид медоранд, ки ҳамасола бо пухта расидани меваҳои шаҳдбори кившар ба омода намудани шарбати мева машғул мешаванд ва дар ин замина аз меваву сабзавот захираи зимистона низ мекунанд.

Сокинони маҳаллаи Деҳи боло қайд намуданд, ки занону бонувони ҳунарманди маҳалла дар рӯзҳои ғайрикорӣ ҳамингуна ба ҳам омада ҳунарҳои мардумии азбайнрафтаи миллати тоҷикро аз нав рушд медиҳанд ва ҳамзамон дар ин доира ба омода намудани хуроқхои миллӣ машғул мешаванд. Тавре ки гуфта шуд занону бонувони маҳалла зиёд кушиш мекунанд, ки ҷавондухтарони маҳалла ҳунарҳои мардумӣ махсусан тарзи омода намудани хӯрокҳои миллиро дуруст аз бар намоянд.

Бояд гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино дар раванди фаъолияти ҳамарӯза бо сохторҳои дахлдори соҳа ҳамкории зич дошта, ҷиҳати эҳё ва густариш додани ҳунарҳои милливу мардумӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази касбомӯзӣ, курсҳои омӯзишии дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, гулдӯзӣ ва зардӯзиро ба роҳ монда, занону ҷавондухтаронро аз оилаҳои ниёзманд ва осебпазири шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия ҷалб менамояд.

Валиҷон Шарифзода
"ТВ Душанбе"