image

Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори ИДМ

date_range08.08.2024, 11:14 chat_bubble_outline0 remove_red_eye133

Ҷаласаи 20-уми Шурои машваратии роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори аввал аст, ки дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он роҳбарони хадамоти бойгонии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.

Зикр рафт, ки бойгонӣ яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ ва манбаи асосии нигоҳдории далелҳои ҳуҷҷатӣ мебошад, ки далелҳои раднашавандаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ифода менамоянд.

Зимни баромади худ нотиқот иброз доштанд, ки ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо маҳфузбуда ҳамчун хазинаи гаронбаҳо ва ифодакунандаи воқеаҳои таърихӣ аз насл ба насл гузашта, ба сифати далелҳои боэътимод хизмат менамоянд. Зеро самти фаъолияти бойгонӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо буда, моҳияти бойгонӣ таъмини ҷомеа бо иттилооти тарҷеҳист таъкид шуд дар ҳамоиш.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро менамояд ва ба рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.

Қобил ба зикр аст, ки дар доираи тадбири мазкур конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Бойгонии ҳуҷҷатҳои аксу садо ва синамо дар ҷомеаи муосир: раванди мубрами рушд" доир гардида, ҳамчунин саёҳати меҳмонон-иштирокдорони ҷаласа ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии кишвар дар назар дошта шудааст.

С.Гулова
"ТВ Душанбе"