Ҷамъбасти озмуни ҷумҳурявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат”
7500-сомонӣ, диплому ҷому ифтихорномаҳо ва аз ҳама муҳим аз бар намудани илму донишу мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи заҳмати чандвақтаи Абдулбосит Расулзода мебошад, ки имрӯз сарфароз гашт. Абдулбосит бо ҳадафаш расиду дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳурявии “Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” сазовори ҷойи сеюм гардид. Ӯ тамоми асарҳои пурмазмуни Пешвои миллатро аз худ кардааст ва ин буд, ки бо посухҳои дақиқ доваронро бовар кунонид, ки сазовори ғолибияти даври ниҳоист. Чӣ гунае худи ӯ иброз дошт, дар баробари он ки имрӯз ғолиби ҷойи сеюм гашт, пеши он ҳама илму донишу фаҳме, ки аз мутолиаи китобҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бардошт кам андар кам аст.
Чорабинии мазкур дар толори калони Китобхонаи миллӣ бо иштироки шумораи зиёди меҳмонон, намояндагони кумитаю вазорату идораҳо, иштирокчиёни даврҳои қаблӣ, аҳли илму фарҳанг ва ғолибони даври ниҳоии озмӯн баргузор гардида, бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори худро оғоз кард. Баъдан раиси ҳайати комисияи озмуни мазкур доир ба муҳтаво ва баргузории озмуни мазкур сухан гуфта қайд карданд, ки баргузории озмун саривақти буда, имкони хубест барои такон додани руҳияи ҷавонон ва ба илму дониш ҷалб кардани онҳо. Ҳамзамон нотиқон қайд карданд, ки мутолиаи китобҳои Пешвои миллат ҷавононро ба ростию накукорӣ меҳнатдӯтию меҳандӯстӣ, адолату садоқат даъват намуда, онҳоро бо таъриху тамаддуни имрӯзу гузашта ва шахсиятҳои маъруфи халқи тоҷик ошно месозад.
Табиист, ки дар соли аввали баргузории озмунҳо шумораи иштирокчиён нисбатан камтар аст, вале дар озмуни “Хонандаи беҳтарини асарҳои пешвои миллат” соли аввали баргузори шумораи иштирокчиён хеле зиёду руҳияаашон низ бисёр болида буд. Пешниҳод карда шуд, ки озмуни мазкур минбаъд ҳамасола миёни тамоми қишрҳои аҳолӣ гузаронида шавад.
Лозим ба ёдоварист, ки имсол озмуни мазкур аввалин маротиба танҳо миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат баргузор гардид. Ба ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ҷом, диплом ва мукофоти пулӣ тақдим гардид. Масалан ҷойи аввал 20-ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 15-ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 7500 сомонӣ. Ҳамчунин ғолибони зиннаҳои якум, дуюм ва сеюм баъди хатми муассисаи олии касбӣ ба ихтисоси интихобкардаашон барои идомаи таҳсил, дар зинаи магистратура ва маълумоти дуюми олӣ ба муҳлати се сол, бе супоридани имтиҳон тибқи тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Точикистон ба тариқи ройгон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои касбии баъд аз муассисаи олии таълимии мамлакат қабул мешаванд.
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ