image

Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Офтоби ишқу ирфон аст, Мавлонои мо» ҷамъомади адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид

date_range01.10.2024, 10:05 chat_bubble_outline0 remove_red_eye41

Дар Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқуллови шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ таҳти унвони «Офтоби ишқу ирфон аст, Мавлонои мо» ҷамъомади адабӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар рафти кори ҷамъомад Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи нависандагон ва олимону нависандагони илму адаб иштирок ва оид ба ашъори бойю пурғановати ин муттафаккири башарият ёдоварӣ намуданд.

Таҷрибаи инсонӣ борҳо исбот намудааст, ки мероси дорои арзиши илмиву маънавӣ ва тарбиявию ахлоқӣ бо гузашти замон таваҷҷуҳи инсониятро бештар ҷалб менамояд. Осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, ки то имрӯз ба мо расидааст, бе муболиға, намунаи олии чунин арзишҳо аст.

Шахсият ва осори ин мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё ҳамчун ганҷинаи пурасрор шинохта шуда, диққати муҳаққиқону ҳаводорони зиёдро ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, муҳаққиқони назму адаби тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро ҳамеша гиромӣ доштаву медоранд.

Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш суруду мусиқӣ садо дода, ҳунармандон аз ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ғазалҳо қироат намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҷалолиддини Балхӣ яке аз сермаҳсултарин адибони тоҷик аст, ки бо мероси адабияш ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Асарҳои офаридаи ӯ «Девони Шамс», «Маҷолиси саъба», «Мактубот», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Маснавии Маънавӣ» мебошанд, ки хонандагонро ба дунёи маърифату заковат ворид мекунанд.

"ТВ Душанбе"