Маросими ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман»
Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир гардид, ки дар ҷараёни он гирандагони Шоҳҷоиза бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ, ғолибони ҷойи якум бо 35 ҳазор сомонӣ, ҷойҳои дуюм бо 25 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 15 ҳазор сомонӣ, Диплом ва мукофот сарфароз гардонида шуданд.
Зимни ифтитоҳи озмун муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ба дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, эҷоди мусиқии нав, таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва суруд, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ равона шудааст.
Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки мазмун ва ғояи асосии суруду оҳанг, асарҳои мусиқӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн, ки ба Озмун пешниҳод мешаванд, тараннуми шахсиятҳои барҷастаи халқи тоҷик, дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, арҷ гузоштан ба анъанаҳои милливу мероси пурғановати ниёгон, табиати зебоманзари Тоҷикистон ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад. Давоми шаш сол аст, ки ин озмун бо Амри Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад.
Озмун аз ноҳия оғоз шуда, то ба сатҳи вилояту ҷумҳурӣ гузаронида шуд. Акнун беҳтарин истеъдодҳо муаррифӣ ва қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамчунин дар маросим аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳангҳо иҷро гардиданд. Ҳамин тариқ дар номинатсияи сарояндаги Фархунда Ғайбуллоева,дар номинатсияи оҳангсозӣ бастакорӣ Фурқат Тоиров, дар номинатсияи навозандагӣ Ҷалолиддин Абдуллоев,дар номинатисияи санъати тасвирӣ Муҳаммадшариф Низомзода ва дар номинатсияи дизайн Нармин Мирзоева ғолиб омаданд. Тибқи иттилоъ Имсол дар даври аввали озмун 5302 нафар иштирок намуданд, ки аз ин 2755 нафар ба даври дуюм ва 525 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки маблағи умумӣ барои пардохти маблағи мукофоти ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 3 785 000 (се миллиону ҳафсаду ҳаштоду панҷ ҳазор) сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар баробари ғолибон ,устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро соҳиб шуданд, бо маблағи 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ва ифтихорнома сарфароз гардиданд.
Ҳамзамон дар ҷамъомад аз ҷониби ғолибони озмун беҳтарин суруду оҳанг ҷиҳати болидарӯҳии меҳмонону иштирокчиён дар сатҳи баланд иҷро гардид.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Ноябрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ