image

«Телевизиони Душанбе» барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд

date_range10.10.2024, 10:23 chat_bubble_outline0 remove_red_eye60

Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» бо мақсади дарёфти мутахассисони соҳибтаҷриба ва болаёқат озмун эълон менамояд. Озмун барои ишғоли вазифаҳои зерин гузаронида мешавад:

Муҳаррири хурд ва коргардони Идораи барномаҳои иттилоотӣ, муҳаррири хурди Идораи барномаҳои сиёсӣ ва таҳлилӣ, сардори басти студияи марказӣ, тасвирбардори Шуъбаи наворбардорони синамо ва телевизион, танзимгар ва дизайнери Шуъбаи танзимгарӣ ва дизайн ва ронандаи Шуъбаи нақлиёт ва хоҷагидорӣ.

Талаботи асосӣ: таҳсилоти олӣ, дониши хуби соҳавӣ, собиқаи на камтар аз 2 солаи корӣ, донистани забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҳатмӣ мебошад (ба забони англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ бартарӣ дода мешавад).

Талаботи асосӣ барои ронанда: доштани собиқаи кории на камтар аз 3 солаи ронандагӣ ва дараҷаи ронандагии “В”, “С”. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 1-уми декабри соли 2024. Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе», воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 18 пешниҳод намоянд.

Довталабони беҳтарин барои суҳбати касбӣ даъват карда мешаванд. Барои иттилои бештар бо телефонҳои 223-03-47 ва 985-10-93-85, инчунин тариқи почтаи электронии info@dushanbetv.tj дар тамос шавед.