Бахшида ба рӯзи соҳибкорон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дастгирии сохибкорӣ ва қабл аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоту ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб меёбад. Аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон башоратест аз ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат нисбат ба рушди соҳибкорӣ ва соҳибкорони ватанӣ.
Бахшида ба ин сана дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти унвони “Масъалаҳои стратегии таъмини рушди устувори соҳибкорӣ дар Тоҷикистон: омилҳо, тамоюлҳо ва сармоягузорӣ” бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони аз Кумитаҳои Сармоягузорӣ ва идораи амволи давлати, Кумитаи рушди сайёҳи, Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлати ҳамоиши илми амалии байналмилали доир гардид.
Пеш аз оғози ҷамъомад дар саҳни донишгоҳ намоиши соҳаҳои истеҳсоливу хизматрасони ташкил карда шуда, ки ҳозирин бо имкониятхои муассисаҳои молиявӣ ва алоқаи мобилии кишвар шинос шуданд. Сипас дар толори Донишгоҳ конфронс ба кори худ оғоз намуд.
Зимни ҳамоиш роҳбарияти Донишгоҳ сухан карда тамоми соҳибкорони мувафақи кишварро ба ин санаи фархундаашон таҳният гуфтанд. Ҳамзамон зикр карданд, ки маҳз бо шарофати ғамхорию таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон, ки яке аз бахшҳои фаъол ва пешбарандаи рушди иқтисоди миллӣ буда, пайваста дастгирӣ меёбанд ва рӯзи махсус барои онҳо иқтисос дода шудааст, ки ин ҳам яке аз дастгириҳои роҳбари давлат нисбат ба ин табақа мебошад. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ дар самти омоданамудани кадрҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯ дар соҳаи болозикр нақши бориз дошта, дар ин донишгоҳ донишҷуён дар баробари забони давлатии хеш бо забонҳои хориҷи низ талим мегиранд.
Дар идомаи ҳамоиш иштирокдорон зикр намуданд, ки соҳибкорӣ ва зарфияти навовариву инсонӣ ҳамчун асоси рушди миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Дастгирии соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тули солҳои охир ба таъмини минбаъдаи рушди соҳа ва ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ дар шаҳру ноҳияҳо, афзоиши иқтидори содиротии мамлакат ба кишвари содиркунанда табдил ёфтани Точикистон мусоидат менамояд.
Маврид ба зикр аст, ки масъулини Донишгоҳи мазкур низ баҳри амалисозии ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисоси фаъолияти соҳибкорӣ, рушди касбият ва баланд бардоштани малакаву маҳорати соҳибкорон чораҳои судмандро амали намуда истодааст. Гуфтан ба маврид аст, ин муассисаи таълими тӯли арзи вуҷуди хеш шумораи зиёди мутахасисони баланихтисосро омода намудааст, ки айни замон дар бахшҳои мухталифи соҳибкорӣ ва иқтисодиёти миллӣ кору фаъолият намуда истодаанд.
Қиёмиддини Ҳомид
"ТВ Душанбе"
Тақвим
« Декабрь 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Пн | Вт | Ср | Чт | Пт | Сб | Вс |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ