image

Ба муносибати Рӯзи Фалак дар ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид

date_range15.10.2024, 11:02 chat_bubble_outline0 remove_red_eye20

Бахшида ба Рӯзи Фалак дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар рафти он устодону шогирдони донишкада аз ин жанри халқӣ сурудҳоро бо маҳорати баланд иҷро намуданд.

Бояд гуфт, ки Фалак мусиқии суннатии касбии мардуми тоҷик буда, тӯли асрҳо ҳамчун ифодагари розу ниёз, талабу хосстаҳои мардумӣ иҷрои вазифа намудааст. Яке аз хусусиятҳои хоси Фалак бадоҳатан иҷро намудани он аст ва аз шахси фалаксаро оқиливу зиракӣ, сухандонӣ, махоратит балагнди касбиро тақозо менамояд. Фалак таърихи бостонӣ дошта, он асосан жанри халқӣ мебошад ва дар байни мардуми кӯҳистон хеле маъмул аст. Мардуми кӯҳистон дар замони гузашта андӯҳи худро тавассути фалаксароӣ, ки бо рубоию дубайтӣ бе истифодаи асбоби мусиқӣ дар дашту саҳро иҷро карда мешуд, ба ин васила мебароварданд.

Бояд гуфт, ки Фалак дар м тӯли садсолаҳо аз заборн ба забон, аз гӯш ба гӯш, аз дил ба дил ба тарзи мактаби “устод-шогирд” то ба имрӯз расидааст. Бо заҳмату кӯшишҳои донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароӣ Бобохалили Одина, Раҷабмади Валӣ, Акашариф Ҷӯраев, Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова Абдулло Назрӣ, Иброҳим Кобулиев, Мамадато Таваллоев, Наврӯзшоҳ Қурбонҳусейнов, Нусайрӣ Одинаев, Аслия Исмкандарова, Дона Баҳромов ва дигарон дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии Фалак ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид.

Дар замони муосир низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи Фалак ғамхории зиёд зоҳир менамоянд ва бо ташаббуси Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ансамбли давлатии Фалаки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатӣ дода шуд.

М. Мирхолова
"ТВ Душанбе"