Баргузории Иди Меҳргон, Фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали «Оши палов», намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ
Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе. Ин бор мизбони ҷашни бошкуҳи Меҳргон, фестивали занбурпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали оши палов, намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ буд. Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёи буда, гузаштагонамон онро ҳамчун рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббат таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дубора эҳё мегарданд. Дар раванди тантанаҳои идона муовини сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, роҳбарияти вазортау идораҳои марбута, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо, кишоварзони соҳибтаҷриба аз саросари дунё ширкат намуданд.
Ба истиқболи ҷашн пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд. Рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвар хеле муҳим аст ва чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад. Рӯзгори куҳани мардуми ориёӣ аз худ ба мо ду ҷашни бузурги миллиро ба мерос гузоштааст, ки онҳо ба ду баробарии сол – баҳорию тирамоҳӣ рост меоянд.
Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дошта, аз замони дуродури таърих маншаъ мегирад. Аз ин рӯ, Наврӯзу Меҳргон ду давраи калидии як соли комилро ташкил медиҳанд, ки бозтоби сохтории онҳо як давраи комили ҳаёти кайҳониро таҷассум мекунад. Меҳргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Тиргон, ки ҳама мероси арзишманди ниёгон мебошанд, ҷашни мавсимии тақвимӣ буда, фарҳанги алалхусус кишоварзиро ташвиқ менамоянд ва ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳо ва обу замин робитаи мустақим доранд. Ҳамчунин Меҳргон таҷассумгари одобҳои неки инсонӣ аст, сипосгузорӣ аз заҳмат ва дастоварди кишоварзон, ривоҷ додани арзишҳои Замин, парастиши меҳрубонӣ, кирдорҳои дуруст, аҳду паймонҳо ва озодихоҳии мардум.
Дар гушаи дигари боғ намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ баргузор гардид. Дар фестивал-намоиш навъҳои гуногуни шолӣ ва биринҷ, таомҳои аз биринҷ омодашуда, намунаи техникаи кишоварзии барои парвариши он истифодашаванда, инчунин дастовардҳои олимони Академияи илмҳои кишоварзӣ доир ба зироати шолӣ манзури тамошобинон ва меҳмонон гардонида шуда буд. Итиллоъ дода шуд, ки имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 16 ҳазору 162 гектар кишти такрории шолӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ҷумҳурӣ баъд аз ҷамъоварии гандум, ҷав ва картошкаи пешпазак бештар шолӣ кишт карда мешавад.
Ҳамчунин дар макони баргузории чорабини ошпазон бо маҳорати воло навъҳои гуногуни оши паловро омода намуда буданд. Мардуми тоҷик аз қадим бо фарҳангу маданият, маҳорати хос, кадбонуҳои ҳунарманд ва таъомҳои бисёри болаззати миллӣ дар минтақа ва ҷаҳон машҳур аст.
Дар интиҳои чорабинӣ дар вазъияти тантнавӣ ширкатдорони фаъоли ҷашни Меҳргон, фестивали занбурпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур ва Фестивали оши палов, намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо диплому ифтихорномаи кумитаи тадорукот қадрдонӣ гардиданд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҳамасола зимни чунин чорабиниҳои шукуҳманди заҳсати кишоварзон қадр карда мешавад.
Дар интиҳои чорабиниҳои имрӯзаи ҷашнӣ барномаи ранги фарҳангии аҳли ҳунар ва санъати кишвар манзури ширкатдорон гардонида шуд, ки хеле ҷолибу хотирмон буд.
Раҳими Карим
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ