image

Маросими савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ

date_range29.10.2024, 10:21 chat_bubble_outline0 remove_red_eye69

Дар маркази таълимии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳи савгандёдкунии наваскарони даъвати тирамоҳӣ доир гардид.

Ҷамъомад бо сафороии ҳайати шахсӣ, даровардани Байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ ба майдони баргузории чорабинӣ ва таҳти садои Суруди миллӣ, ки рамзи ватандӯстӣ ва давлати мустақили миллӣ мебошад, оғоз гардид.

Сипас, ҳайати шахсии наваскарон бо либоси идонаю силоҳи ба онҳо вобастагардида, бо ҷасорат ва неруи ҷавонмардӣ дар назди ҳайати фармондеҳӣ, афсарону сарбозони ҳамхизмат, падару модарон ва пайвандону наздиконашон ба қабули Савганди ҳарбӣ шуруъ намуданд. Онҳо бо эҳсоси волои ватандӯстона ва садоқату самимияти хос ба халқу Ватан матни савгандномаро қироат карда, қавл доданд, ки ин рисолати бузург ва вазифаи ҷавонмардонаро софдилонаву суботкорона иҷро менамоянд ва ба савганди ёднамудаи худ ҷовидона содиқ мемонанд.

Афсарони ҷавон, ки давоми як моҳ ба наваскарон тартибу низоми хизмат, интизоми ҳарбӣ, мавзуъ ва моҳияти оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва дар маҷмуъ курси ибтидоии ҳарбиро омӯзониданд, ҳоло дар идомаи хизмат низ онҳоро бо чунин самимият дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва омӯзиши нозукиҳои хизмати ҳарбӣ дар ин қисми низомӣ тарбия менамоянд. Ширкатдорони чорабинӣ аз ҳисоби волидони сарбозон низ бо итфихор аз фарзандони далеру ватандӯсти худ дар раванди маросим баромад намуданд.

Дар охири ҷамъомад гузашти низомии афсарону сарбозони баталиони таъйиноти махсус, аз ҷумла наваскарон, ки дар ин мактаби мардонагӣ таълиму таҷрибаи ҳарбӣ мегиранд, баргузор карда шуд.

Саодат Тоирӣ
"ТВ Душанбе"