image

ПРЕЗИДЕНТИ КФО РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО БА МУНОСИБАТИ БОРИ ДИГАР БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ ИНТИХОБ ШУДАН ТАБРИК НАМУД

date_range14.12.2024, 09:58 chat_bubble_outline0 remove_red_eye17
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа Рустами Эмомалиро ба муносибати боз ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шудан табрик гуфт.
«Муҳтарам президент, ман аз дигарбора интихоб шуданатон ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон хушнуд шудам. Интихоби якдилонаи шумо барои солҳои 2024-2028 дар Конгресс далели эътимод ва боварии оилаи футболи Тоҷикистон ба шумо ва дурнамоятон дар рушди минбаъдаи варзиши маҳбуб дар кишвари зебои шумост. Лутфан, табрикоти самимии маро қабул кунед ва итминон дошта бошед, ки ташаббусҳои шумо аз ҷониби ман ва Конфедератсияи футболи Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ меёбанд.
Шубҳае надорам, ки шумо минбаъд низ дар рушди футболи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоред. Умедворам, ки ба зудӣ бо шумо вомехӯрам ва дар роҳи боз ҳам беҳтар кардани сатҳи футбол дар Осиё ҳамкориҳои зич хоҳем дошт», – гуфта мешавад дар номаи расмии президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халифа ба унвони Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.