ФИФА РУСТАМИ ЭМОМАЛИРО БА МУНОСИБАТИ ДИГАРБОРА БА МАҚОМИ ПРЕЗИДЕНТИ ФФТ ИНТИХОБ ШУДАН ТАБРИК КАРД
Дабири кулли Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) Маттиас Графстрём Рустами Эмомалиро ба муносибати бори дигар интихоб шудан ба мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон табрик гуфт.
«Муҳтарам президент, бо камоли хушнудӣ шуморо ба муносибати дигарбора интихоб шуданатон ба вазифаи президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон самимона табрик менамоям.
Бесаброна интизори идомаи таҳкими муносибатҳо ва шарикӣ бо шумо ва дастаатонам, зеро мо якҷоя корамонро барои пешбурд ва рушди бозии бузурги футбол дар саросари Тоҷикистон ва Осиё давом медиҳем.
Дар якҷоягӣ бо тамоми дастаи ФИФА барои амалӣ кардани нақшаҳоятон омодаем ва тавассути барномаҳои гуногун дар таҳкими минбаъдаи ин варзиши зебо дар ҳама сатҳҳо кӯмак мерасонем.
Ман инчунин мехоҳам аъзои Кумитаи иҷроияро, ки дар қатори шумо интихоб шуданд, табрик намоям. Таҷриба ва садоқати онҳо дар давраи ваколати қаблии шумо нишон доданд, ки дар дастгирии қарорҳо ва роҳнамоии ояндаи федератсияатон нақши муҳим мебозанд.
Ман низ бесаброна интизори вохӯрӣ бо шумоям. Итминон дорам, ки ин як имконияти хубест барои муҳокимаи минбаъдаи ҳадафҳои мо дар рушди футбол ва чӣ гуна мо метавонем ба шумо манфиатовар бошем.
Бори дигар шуморо бо ин дастоварди шоиста муборакбод мегӯям. Ба шумо комёбиҳои нав орзумандем ва омодаем, ки кӯшишҳои шуморо дар ҳар қадам дастгирӣ намоем», – омадааст дар номаи расмии дабири кулли ФИФА ба унвони президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ