image

Намоиши мусаввараҳо бахшида ба фаъолияти эҷодии рассоми тоҷик Фаррух Хоҷаев

date_range14.01.2025, 10:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

Бо ибтикори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, намоиши мусаввараҳо бахшида ба фаъолияти эҷодии рассоми тоҷик Фаррух Хоҷаев таҳти унвони «Ёди ёри меҳрубон» бо иштироки аҳли санъату ҳунари кишвар ва дигар ҳаводори ҳунари мусаввирӣ баргузор гардид.

Ҳадафи баргузории ин намоиш дар парвати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба нерӯи ҷавонон бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда муаррифии санъату фарҳанги миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи ишвар арзёбӣ гардид. Дар намоиш наздик ба 50 асари гуногунжанри устодон ва шогирдон ба намоиш гузошта шуд.

Ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон зимни намоиш саҳми рассоми тоҷикро дар рушди санъату ҳунари тоҷик ва тайёр кардани мутахассисони баркамоли ин соҳа барҷаста арзёбӣ намуд. Тӯли фаъолияти пурсамари мусаввирӣ Фаррух Хоҷаев шогирдони зиёдеро тарбия намуд, ки онҳо дар рушди санъату фарҳанги тоҷик саҳмгузорӣ менамоянд.

Фаррух Хочаев хатмкардаи Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Олимов мебошад. Ӯ фаъолияти  меҳнатиашро дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси рассом оғоз карда, илова бар ин соли 1988 Донишгоҳи давлатии полиграфиро дар Ҷумҳурии Украина хатм кардааст. Дар баробари эҷоди асарҳои пурмазмун ва баландғоя Фаррух Хочаев ҳамчун рассом - омӯзгор дар муассаисаҳои олии кишвар ба донишҷӯён нозукиҳои санъати мусаввириро омӯзонидааст.

Рассоми борикбину рангинхаёл Фаррух Хоҷаев дар ҳамаи жанрҳои санъати тасвирӣ (манзаранигорӣ, натюрморт ва дар  сужаи мифологӣ, асотирӣ) асар эҷод намуда, дар санъати графика бештар муваффақ гардидааст.  Намоишҳои корҳои эҷодии Фаррух Хоҷаев, аз қабили «Малика Клеопатра», «Даная» (соли 2008), «Гулҳо», «Каждум»  (2012), «Симурғ», «Нардбон», «Шутури тиллоӣ» (1997),  «Лӯхтак» (2001), «Оромӣ» (2004), «Наҳорӣ» (2008), «Баҳор»  (2010), «Гули Наргис» (2011), «Парвоз» (2015), «Уднавоз» (2016),  «Интизорӣ» (2018) мебошанд, ки бо шаҳомати хосае доир шудаанд. Қисмати беши асарҳои ин мусаввири шинохта дар сужаи мифологӣ (устура, афсона)  офарида шудаанд. Нақши ин рассоми тоҷик дар тасвири усули литография, офорт ва ороиши рӯи китобҳо назаррас будааст.

Гулова Сарвиноз
"ТВ Душанбе"