
Баргузории мусобиқаи кушоди шаҳри Душанбе оид ба Кемпо байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон
Мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба варзиши Кемпо байни наврасон, ҷавонон ва калонсолон баргузор шуд. Қабл аз оғози рақобатҳо чун анъана маросими кушодашавӣ сурат гирифт, ки дар он роҳбарияти Федератсия ва мураббиёну варзишгарон ширкат карданд. Тибқи иттилои масъулин дар мусобиқа наздики 600 варзишгар иштирок доштанд. Мусобиқа ду рӯз идома ёфта, дар он варзишгарон аз рӯи ду равия - греплинг ва ММА (санъати варзишҳои оазми таркибӣ) байни ҳам сабқат намуданд.
Бояд гуфт, ки фаъолияти ҳар як риштаи варзиш, ин пеш аз ҳама барои омавигардонии варзиш ва тарғиби тарзи ҳайёти солим миёни наврасону ҷавонон мусоидат хоҳад кард. Дар мусобиқа наврасон, ҷавонон ва калонсолон барои ишғоли мақомҳои ифтихорӣ байни ҳам мубориза бурданд.
Мураббиёну варзишгарони Федератсияи Кемпо мақсад доранд, ки дар як муддати кутоҳ ба дастовардҳои назарраси варзишӣ ноил гардад, дар миёни дигар федератсияҳои варзишии кишвар мавқеъи устувор дошта бошанд. Акнун ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаи шаҳрӣ ба сабқатҳои ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, сипас барои муаррифи кишварамон дар рақобатҳои сатҳи ҷаҳонии Варзишҳои размӣ таркибӣ интихоб хоҳанд шуд.
Бегматов. К.
"ТВ Душанбе"
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ