image

Барқияи табрикӣ ба Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Матвиенко Валентина Ивановна

date_range12.06.2025, 09:25 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

Муҳтарам Валентина Ивановна,

Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи Россия пазиро бошед!

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои мустаҳкам ва гуногунҷанбаи шарикии стратегӣ ва ҳампаймониро бо Федератсияи Россия, ки ба пайванди мустаҳками дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, баланд арзёбӣ менамоянд.

Рушди муттасили муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсияро бо қаноатмандӣ зикр менамоям. Боварӣ дорам, ки ҳамкории босамари мо минбаъд низ ба манфиати мардумони кишварҳоямон фаъолона вусъат меёбад.

Ба Шумо, муҳтарам Валентина Ивановна, саломатии бардавом, саодатмандӣ, дар фаъолияти пурмасъулияти давлатиатон муваффақиятҳои минбаъда ва ба мардуми Россия сулҳ, устуворӣ ва шукуфоӣ орзумандам.

Бо эҳтиром,

Рустам Эмомалӣ