image

Ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои ИДМ

date_range13.11.2025, 19:37 chat_bubble_outline0 remove_red_eye25

13 ноябр дар толори «Аржанг»-и Кохи Наврӯз бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд.

Инчунин, дар кори ҷаласа роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентҳои кишварҳои иштирокдори Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Беларус, Озарбойҷон, Арманистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Нахуст, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аъзои Шӯро ва иштирокдорони ҷаласаро самимона ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, зикр намуданд, ки дар ҳошияи анҷоми раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баргузор шудани чорабиниҳои Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ дар шаҳри Душанбе аҳамияти хоса касб менамояд.

Таъкид гардид, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории байнипарламентӣ ва таҳкими муколамаи созанда дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти афзалиятнок медиҳад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҷаласаи имрӯза қадами муҳиме дар роҳи таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ гардида, натиҷаҳои амалӣ ва мушаххас ба бор хоҳад овард.

Тибқи рӯзнома, бо пешбурди Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъалаи интихоби Раиси Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима шуда, Валентина Матвиенко ба муҳлати нав Раиси Шӯро интихоб гардид.

Ҳамчунин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар хусуси натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба иштирокчиён маълумот доданд.

Дар идомаи ҳамоиш роҳбарони парламентҳо ва роҳбарони ҳайатҳои парламентӣ сухан ронда, доир ба мавзуъҳои мубрами ҳамкорӣ ва доираи рӯзномаи ҷаласа изҳори андеша карданд.

Аз рӯйи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ қабул карда шуданд.