ҚУРЪАКАШИИ БОЗИҲОИ ПАРИМАТЧ-ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН-2026 БАЙНИ ДАСТАҲОИ ЛИГАИ ОЛӢ БАРГУЗОР ШУД
Як моҳ пеш аз оғози мавсими нави футбол дар «Кохи Парфенон»-и Душанбе маросими қуръакашии бозиҳои Париматч-Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.
Дувоздаҳ бошгоҳ дар 35-умин чемпионати Тоҷикистон, ки расман 6 март оғоз мешавад, иштирок мекунанд. Мавсими нав дар ду марҳила баргузор мешавад ва ҳар як даста бо ҳар як рақиб ҳам дар хона ва ҳам дар сафар бозӣ мекунад. Дар доираи чемпионат ҳар як даста 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Дастае, ки дар мавсими 2026 ҷойи охиринро мегирад, ба лигаи якум меафтад. Бошгоҳе, ки дар зинаи 11-ум қарор мегирад, бо дастаи дуюми лигаи якуми Тоҷикистон-2026 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.
Дар маросими қуръакашӣ меҳмонони зиёд ширкат варзиданд. Қуръакаширо собиқ бозигарони машҳури дастаи миллии Тоҷикистон Юсуф Рабиев ва Ҷамшед Исмоилов гузарониданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ