image

ШИНОСОИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БО ИМКОНИЯТҲОИ ТЕХНИКИВУ ЭҶОДИИ "ТЕЛЕВИЗИОНИ ДУШАНБЕ"

date_range06.02.2026, 19:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye88

Бо ташаббуси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гурӯҳи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма бо фаъолияти “Телевизиони Душанбе" аз наздик ошно гардиданд. Ин боздид дар доираи сиёсати таҳкими ҳамкории касбӣ, табодули таҷриба ва шиносоӣ бо имкониятҳои техникию эҷодии шабакаҳои муосири телевизионӣ роҳандозӣ шудааст. Бинои нави “Телевизиони Душанбе", ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, имрӯз ба яке аз намунаҳои барҷастаи рушди телевизиони муосир дар Тоҷикистон табдил ёфтааст. Муҳити корӣ, сатҳи баланди техникии студияҳо ва имкониятҳои фарохи эҷодӣ далели равшани таваҷҷуҳи давлат ба рушди соҳаи иттилоот ва журналистика мебошад.

Тавре раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатуллоҳ Исмоилзода зикр намуд, ташкили чунин боздидҳо ба тақвияти робитаҳои касбӣ, мубодилаи таҷриба ва боло бурдани сатҳи фаъолияти журналистон мусоидат мекунад. Дар ҷараёни боздид таъкид гардид, ки бунёду мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави “Телевизиони Душанбе" самараи равшани сиёсати созандаи даврони истиқлолияти давлатӣ буда, он ҳамчун рамзи пешрафти соҳаи телевизион арзёбӣ мегардад. Ин шабака на танҳо пойгоҳи муҳимми пахши барномаҳои иттилоотию фарҳангӣ, балки мактаби воқеии тайёр намудани мутахассисони соҳа низ маҳсуб меёбад.

"Телевизиони Душанбе" дар умум дорои 80 утоқи корӣ буда, барои фаъолияти самараноки кормандони эҷодӣ ва техникӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам овардааст. Ин шабака бо чор студияи муҷаҳҳаз таъмин буда, ҳар яке бо лавозимоти муосири соҳавии ҷавобгӯи стандартҳои байналмилалӣ таъмин мебошад. Студияҳои якум ва дуюм ҳамчун калонтарин студияҳо барои сабти барномаҳои консертӣ, ток-шоу, барномаҳои фарҳангӣ ва дигар лоиҳаҳои калонҳаҷм пешбинӣ шудаанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки бинои нави “Телевизиони Душанбе" 24 декабри соли 2025 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шуд. Бо васеъ гардидани доираи пахш, тамошобинон метавонанд барномаҳои ин шабакаро тавассути моҳвора дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон бо сифати баланди FULL HD тамошо намоянд.

Ғунчагул Нурализода

"ТВ Душанбе"