МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ МУСОБИҚАИ ВАРЗИШӢ ОИД БА ВОЛЕЙБОЛИ КАСБӢ ВА ҒАЙРИКАСБӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Модар», имрӯз вобаста ба иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, дар толори Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Тоирзода Муҳриддин, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр, муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулманонзода Зарина ва дигар меҳмонони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамчунин дар чорабинии мазкур 40 дастаи бонувони вазорату кумитаҳо, раёсатҳо ва ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.
Мусобиқаи мазкур аз 14 феврал то 8 марти соли 2026 ҳамарӯза дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ