image

ШИНОНИДАНИ ЗИЁДА АЗ ҲАЗОР БЕХ ДАРАХТИ ҲАМЕШАСАБЗ ДАР НОҲИЯИ СИНО

date_range16.02.2026, 17:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye24

Дар партави сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои созандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе санаи 16-уми феврали соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Сино маъракаи васеи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Умед Гуреззода, муовини якум, муовинон, роҳбари дастгоҳ, кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ва дигар масъулин фаъолона иштирок намуданд.

Зимни ин иқдоми ободонию кабудизоркунӣ зиёда аз ҳазор бех дарахти ҳамешасабзи арча дар қитъаи муайяншуда шинонида шуд. Мақсад аз роҳандозии чунин иқдомҳо беҳтар намудани вазъи экологӣ, зебову хуррам гардонидани муҳити зист ва фароҳам овардани фазои мусоиди зиндагӣ барои сокинон мебошад.

Қайд гардид, ки бо дастури бевоситаи раиси ноҳияи Сино дар назар аст, ки дар қитъаи мазкур то 8 ҳазор бех дарахтони ҳамешасабз шинонида шавад. Ин иқдом идомаи тадбирҳои созандагию ободонӣ дар доираи сиёсати кабудизоркунии пойтахт буда, ба рушди устувори шаҳр ва баланд бардоштани маърифати экологӣ мусоидат менамояд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, иштирокдорон саҳми арзандаи  худро дар ободонии ноҳияи Сино ва пойтахти кишвар гузоштанд.