image

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҚИСМИ ҲАРБИИ 10040 ВАЗОРАТИ МУДОФИАИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range18.02.2026, 14:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye13

Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 январи соли 2026, №46 “Дар бораи таҷлили ҷашни Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе”,  бо иштироки муовинони Раиси ноҳия Шукурзода Саодат, мудирони шуъбаву бахшҳо ва дигар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва як гуруҳ модарон дар қисми ҳарби 10040 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба "Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аёдати "Модари сарбоз", чорабиниҳои оммавию варзишӣ, фарҳангӣ ва дастархони идона доир намуданд.
       Дар ин рӯз кормандони мақомот ва модарон ба аёдати сарбозон бо дастовези идона нону шириниҳо ташриф оварда, бо вазъи хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар аз наздик ошноӣ пайдо карданд.
       Нахуст муовини Раиси ноҳия Шукурзода Саодат ба муҳайё гардидани шароити мусоиди хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози назар намуда, сарбозону афсаронро ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои содиқона хизмат намудан ба Ватани худ таманниёти нек намуданд.
       Дар давоми мулоқот муовинони Раиси ноҳия аз вазъи кунунии қисми низоми шиносоӣ пайдо намуданд. 
       Дар фарҷоми мулоқот роҳбарияти қисми ҳарбӣ бо сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ сарфароз гардонида шуданд.
       Инчунин, бо мақсади болидаруҳии сарбозону афсарон мусобиқаҳои варзишии шоҳмоту шашка, дастхобони ва вазнкашӣ доир карда шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
       Дар интиҳо дар фазои суруду таронаҳои аҳли санъат, модарон ва сарбозону афсарон шодиву нишоти идона намуданд.