БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА 33-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ
22 феврал бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ирам" чорабинии тантанавӣ бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, намояндагони сохторҳои қудратӣ, инчунин меҳмонон ва хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери навозиши оркестри ҳарбӣ оғоз гардида, сипас барномаи тантанавӣ идома ёфт. Дар доираи он мусиқии ҳарбӣ, намоиши санъати муҳорибаи тан ба тан, дефиле ва барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки аҳли ҳунар манзури ҳозирин гардонида шуд.
Ҳамоиши идона дар фазои тантанавию ватандӯстӣ баргузор гардида, дар тарбияи ҳисси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ нақши муҳим гузошт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ