image

ТАҶЛИЛИ 33 СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОҒИ ФАРҲАНГУ ФАРОҒАТИИ БА НОМИ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

date_range23.02.2026, 09:38 chat_bubble_outline0 remove_red_eye33

22 феврал бо мақсади таъмини иҷрои Нақшаи омодагӣ ва баргузории чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ бахшида ба ҷашни 33 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ, муовини Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майор Абдуллозода Саидасрор Саид, муовини фармондеҳи гвардияи миллӣ оид ба кори сиёси- тарбиявӣ Собириён Маҳмаднаим Юсуф ва сохтори дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе барномаҳои тарбияи ҳарбӣ ватандустӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ ва оммавию варзишӣ дар Муассисаи давлатии боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он меҳмонон ва сокинони ноҳия фаъолона иштирок намуданд.