АРТИШИ МИЛЛӢ - СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ
22 феврал бо ташаббуси Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи Куруши Кабири ноҳия чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳади КДАМ ҶТ генерал-лейтинант Муродалӣ Раҷабзода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода мудирони шуъбаву бахшҳои ноҳия, масъулини сохторҳои низомӣ иштирок намуданд.
Дар даромадгоҳи маҷмуаи Куруши Кабир меҳмонон аз намоиши идона, аз қабили хуроку таом, аслиҳа ва таҷҳизотҳои ҳарбӣ, ки имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбӣ истифода мешаванд, дидан намуданд.
Баъди садо додани Суруди миллӣ, баромадкунандагон афсарону сарбозонро ба Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуданд, аз ҷумла зикр гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба яке аз ниҳодҳои пурқудрати давлат табдил ёфта, афсарону сарбозони шуҷои Ватан бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ дар ҳифз ва ҳимояи Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бастаанд. Артиши миллӣ ҳамчун сипари боэътимоди давлат дар таъмини сулҳу субот ва амнияти кишвар нақши муҳим дорад. Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихӣ ворид гардид. Давлати ҷавон ба неруе ниёз дошт, ки марзу буми онро ҳифз намояд ва амнияти шаҳрвандонро таъмин созад. Дар чунин шароити ҳассос таъсиси Артиши миллӣ як қадами муҳим ва зарурӣ ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди мушкилиҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, тадриҷан заминаи ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуд. Ин раванд осон набуд, вале бо иродаи қавӣ ва заҳмати содиқонаи Пешвои миллат амалӣ гардид.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ фароғатӣ пешниҳоди афсарону сарбозон ва меҳмонони пойтахт гардид.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ