ТАНТАНАИ ҶАШНӢ БА МУНОСИБАТИ 33-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ДАР НОҲИЯИ СИНО
22 феврал бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар Боғи Мироненко чорабинии бошукуҳи тантанавӣ ба муносибати 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини вазири мудофиа оид ба ақибгоҳ, муовини фармондеҳи Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини раиси ноҳияи Сино, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, сарбозону афсарони ҷузъу томҳои ҳудуди ноҳия, намояндагони ВАО, хонандагону донишҷӯён, наврасону ҷавонон, омӯзгорон, сокинон ва меҳмонони сершумор иштирок намуданд.
Нахуст, табрикоту суханрониҳои ҳайати роҳбарият ироа гардида, зимни он оид ба таъсис ва таърихи Қувваҳои Мусаллаҳ, марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ибрози андеша карда шуд. Таъкид гардид, ки таъсиси Артиши миллӣ дар солҳои ниҳоят ҳассоси давлатдорӣ иқдоми сарнавиштсоз буда, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ ба як неруи муназзаму пуриқтидор ва сипари боэътимоди давлату миллат табдил ёфтааст.
Ҳамзамон нақш ва мавқеи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис, таҳким ва таъмин намудани Қувваҳои Мусаллаҳ бо техникаву лавозимоти ҷангӣ, беҳтарсозии шароити хизмат ва баланд бардоштани руҳияи ватандӯстии афсарону сарбозон шоистаи таҳсин ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар арзёбӣ гардид.
Меҳмонон дар суханрониҳои худ зикр намуданд, ки имрӯз Артиши миллӣ рамзи қудрат, нангу номус ва шарафи давлатдорӣ буда, ҷавонон бояд онро мактаби мардонагӣ, ҷасорат ва садоқат ба Ватан донанд. Таъкид шуд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди ватандӯст мебошад ва давлат барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизмату зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ҳамчунин иброз гардид, ки дастгирии пайвастаи роҳбарияти олии кишвар боис гардидааст, ки Артиши миллӣ имрӯз дар ҳифзи марзу буми Ватан ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа бо масъулияти баланд фаъолият намояд.
Дар идома як қатор фаъолон ва хизматчиёни давлатӣ бо медали ҷашнии 30-солагии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Ифтихорномаи Қушунҳои дохила сарфароз гардонида шуданд.
Сипас аз ҷониби афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қушунҳои дохила якчанд намуди машқу тамринҳои ҳарбӣ, аз ҷумла унсурҳои муҳорибаи тан ба тан, маҳорати касбӣ ва омодагии ҷангӣ ба таври намоишӣ пешниҳод карда шуд, ки мавриди таваҷҷуҳи хосса ва кафкубиҳои гарми ҳозирин қарор гирифт.
Дар фарҷом аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии меҳмонон ва иштирокчиён барномаи рангини консертӣ бо иштироки сарояндагони маҳбубу шинохта манзур гардида, фазои идонаро боз ҳам шукуҳманду хотирмон намуд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ