image

ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ ВА ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

date_range23.02.2026, 19:56 chat_bubble_outline0 remove_red_eye37

 ш.Душанбе. 23.02.2026. Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии “Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим” чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
   Дар чорабинӣ муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисон ва муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати роҳбарикунанда ва афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
   Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли толор расониданд.
   Қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳ бо саъю талош ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, имрӯз ба сипари боэътимоди давлат мубаддал гардидааст.
   Дар идома аз ҷониби муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр ва муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал майор Раҳимзода Музаффар ба як қатор намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 33-юмин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосномаву медалҳои ҷашнӣ тақдим карда шуд.
   Сипас чорабинии рангини фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мумтози кишвар пешкаши аҳли толор гардонида шуд.