БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПАЙКИ ДУШАНБЕ”
Дар асоси нақшачорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ташкили маҷлисҳои ҷамъбастӣ барои давраи фаъолияти соли 2025 дар кумитаву ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ идома дорад. Зимнан чорабинии мазкур дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайки Душанбе”-и Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” ҳам баргузор гардид.
Дар раванди маҷлис роҳбарияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, роҳбарият ва кормандони “Телевизиони Душанбе” иштирок намуданд. Мутобиқи рӯзномаи маҷлис 5 масъала мавриди баррасии ширкатдорон қарор гирифт.
Нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Пайки Душанбе” оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби раиси ташкилот, директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” Маъруфҷон Оқилзода пешниҳод карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аъзои ташкилот дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ тадбирҳои судмандро дар давраи ҳисоботӣ амалӣ намуда, барои татбиқи барнома ва ҳадафҳои оинномавии ҲХДТ саҳми назаррас гузоштаанд.
Дар идомаи кори маҷлис раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Убайдулло Қурбонзода доир ба омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд. Инчунин масъалаҳои ҷоннок намудани корҳои дохилиҳизбӣ ҳам баррасӣ гардид.
Зимни ин чорабинӣ ба як қатор кормандони муассиса, ки ба тозагӣ аъзои ҳизб гардидаанд, дафтарчаҳои ҳизбӣ тақдим гардид. Ҳамзамон кормандони фаъол бо сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ