image

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҲУДУДИИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ САВДОИ ОДАМОН

date_range25.02.2026, 18:26 chat_bubble_outline0 remove_red_eye58

ш.Душанбе. 25.02.2026. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳудудии Комиссияи байниидоравӣ оид ба пешгирии савдои одамон дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, инчунин кормандони милитсияи пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини дигар сохторҳои дахлдор иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба пурзӯр намудани ҳамкории байниидоравӣ дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди савдои одамон, ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои вобаста ба истисмори инсон, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.