ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ “БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ”
Дар асоси қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе имрӯз шашумин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам” бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст гардид.
Фестивали мазкур аз 20 то 25 феврали соли 2026 бо ба инобати чорабиниҳои варзиши, илмию назариявӣ, конфронсу мизҳои мудаввар фарҳангиву фароғатӣ, аксияҳо, боздиди ҷавонони синни даъватӣ аз қисмҳои ҳарбӣ, мулоқоту вохириҳо бо сарбозону афсарон доир гардид, ки дар ин чорабиниҳо беш аз 13 ҳазору 500 нафар наврасону ҷавонон, сарбозону афсарон ва варзишгарон фаро гирифта шуданд, ки баргузории фестивал дар замири онҳо ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ, тақвияти дӯстии байниҳамдигарӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солимро ҷой намуда, дар онҳо нақши хотирмон гузошт.
Маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам” бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 20 феврали соли 2026 дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарои сохторҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хонандагони синҳои болоии МТМУ ҳудуди шаҳри Душанбе ва навдаъватшавандагон доир гардид, ки дар маросими ифтитоҳи Фестивал намоиши дастовардҳои ҳарбии пойтахт, малакаҳои ҳарбиву варзишии афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ (ҳаракати ҳарбӣ бо яроқ ва омодагии ҳолати ҷангӣ, қироати матни Номаи сипоси афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии ҳудуди шаҳри Душанбе ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва дастгириҳои мунтазамашон дар ҳама самтҳо, хосса дар самти дастгирии афсарону сарбозон ва гузашти низомии афсарону сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ба иштирокчиёни Фестивал нишон дода шуд.
Ҳамзамон дар доираи Фестивал мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои варзишӣ шоҳмот, варзишӣ сабук, гӯштингирӣ, футбол, волейбол ва озмуни гӯлчини сурудҳои ватандустонаи “Суруди сарбоз” миёни афсарону сарбозони сарбозони қисмҳои низомии ҳудуди шаҳри Душанбе доир гардида дар маросими ҷамъбастии Фестивал ғолибон муайян гардида бо медал, диплом ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ