image

ҶАСАЛАИ ШУРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range27.02.2026, 17:54 chat_bubble_outline0 remove_red_eye12

Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, кормандони прокуратура ва ҳайати шахсии милитсияи ноҳия иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ошкор ва пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, ҷиноятҳои солҳои пешин ва роҳҳои ошкорсозии онҳо мавриди таҳлилу муҳокима қарор дода шуданд.
Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, нақшаи чорабиниҳои мушаххас қабул гардида, барои иҷрои босамар ва натиҷабахши он ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.