ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНҲОИ ШАҲРИИ “ДОНОЯКОН”, “ҶАҲОНДОНӢ АЗ ЗАБОНДОНИСТ” ВА “АХТАРАКОНИ ҲИСОБДОН”
Имрӯз бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳия бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода, мудири шуъбаи маориф Асомиддин Бобозода маросими тантанавии ҳавасмандгардонии ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” ва “Ахтаракони ҳисобдон” байни тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист” ва “Ахтаракони ҳисобдон” байни тарбиягирандагони муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия ҷиҳати ташкили фазои ягонаи таълимӣ барои муайян кардани кӯдакони синни томактабии дорои сатҳи баланди рушди зеҳнӣ дар доираи талаботҳои Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, омода намудани кӯдакони синни томактабӣ ба таълим дар зинаи аввали таҳсилоти умумӣ ва ташаккули малакаҳои одии фаъолияти таълимӣ дар кӯдакони синни томактабӣ, дарёфти кӯдакони болаёқату боистеъдод ва фароҳам овардани шароит баҳри рушди истеъдоди онҳо, баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён, қадрдонии меҳнати мураббиён ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа баргузор гардиданд.
Дар умум, дар маросими тантанавии ҳавасмандгардонӣ 45 нафар ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои шаҳрии “Доноякон”, “Ҷаҳондонӣ аз забондонист”, “Ахтаракони ҳисобдон” бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин 11 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки барои саҳмгузорӣ дар ташкилу баргузории даври ноҳиявии озмунҳо саҳмгузорӣ намуданд, бо сипосномаи шуъбаи маориф қадрдонӣ карда шуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ