АКСИЯИ ЭКОЛОГӢ: ДАСТАҶАМЪОНА БАРОИ ОБОДОНИИ ПОЙТАХТ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ
Имрӯз дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналу ҷӯйборҳо, майдончаҳои варзишӣ, дохилу атрофи бинову иншоотҳо ва ташкилоту корхонаҳо роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе тасмим гирифт дар ҷойҳои муқарраргардида аксияи экологиро ташкил ва баргузор намояд.
Мақсад аз аксияи экологӣ, пеш аз ҳама, сазовор пешвоз гирифтани ҷашнҳои миллӣ ва беҳтар намудани вазъи экологии пойтахт буда, вобаста ба он тибқи дастури роҳбарияти мақомот тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинони маҳаллаҳо ба аксияи экологӣ сафарбар гардида, кӯчаву хиёбонҳои ҳудуди ноҳияро аз партову зарфҳои пластикӣ тоза намуда, пойбелкунӣ ва нармкунии замин барои шинонидани ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва гулҳои мавсимӣ омода карда шуд.
Роҳбарияти мақомот таъкид доштанд, ки тозагии ноҳия натанҳо вазифаи як ниҳоди муайян, балки қарзи ҳар як сокини пойтахт мебошад ва мо бояд табиати кишвари худро ҳифз намоем ва нагузорем, ки кӯчаву хиёбонҳои зебои мо бо партовҳо олуда бошанд. Тозагӣ аз остонаи ҳар як хонадон оғоз меёбад.
Ёдовар мешавем, ки аксияҳои экологӣ дар ноҳияи Шоҳмансур мунтазам баргузор гардида, ба ҳусни пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе таровати тоза мебахшанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ