image

МАРОСИМИ ҚАДРШИНОСИИ БЕҲТАРИНҲО ДАР СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range04.03.2026, 18:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye13

ш. Душанбе. 04.03.2026 Имрӯз дар толори Кохи Парфенон маросими қадршиносии беҳтаринҳо ва ташкилотҳои ҳамкор дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ва блогерон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо намоиши навори кӯтоҳи телевизионии «Душанбе — шаҳри ҷавонӣ ва дастовардҳои варзишгарон» оғоз гардида, дар қисмати расмии он меҳмонон фаъолияти соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанберо дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои доимии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баланд арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки дар давоми соли 2025 дар пойтахт як қатор чорабиниҳои муҳиму таъсирбахш ҷиҳати дастгирии ҷавонон, рушди илмҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, рушди фаъолияти волонтёрӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш баргузор гардида, ҷавонону варзишгарони пойтахт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар идома барои ҳамкориҳои судманд ва саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш як қатор нафарони фаъол ва ташкилотҳои ҳамкор бо ифтихорномаҳо, сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои рамзӣ қадршиносӣ гардиданд.