Ҳамоиши идона зери унвони "Модар сарчашмаи меҳр ва пояи зиндагӣ"
4 марти соли 2026 бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ, муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом, муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат бахшида ба рузи модарон таҳти унвонии “Модар сарчашмаи меҳр ва пояи зиндагӣ” чорабинии тантанавӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинӣ занону бонувони шинохтаи ноҳия, собиқадорон, фаъолзанон иштирок намуданд.
Инчунин муовини Раиси шаҳри Душанбе Саломзода Раҳмиддин Салом матни табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба самъи иштирокчиён расониданд.
Муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон модарону бонувони ноҳияи овозадори Фирдавсиро табрик намуданд.
Ҳамзамон табрикоти Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Сафарзода Дилшод Ғанӣ бонувону модаронро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, иброз дошт, ки бо сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа заминаи устувор гузошта шудааст. Қайд гардид, ки имрӯз занону модарони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модарӣ, дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, илму маориф, фарҳанг ва идоракунии давлатӣ фаъолона кору фаъолият намуда, дар пешрафту ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамзамон, Рӯзи Модарро ба кулли занону бонувони кишвар табрик гуфта, нақши занро ҳамчун офарандаи ҳаёт, тарбиятгари насли солим, посдори арзишҳои миллӣ ва неруи пешбарандаи ҷомеа баланд арзёбӣ намуданд. Таъкид гардид, ки маҳз бо меҳру муҳаббат, заҳмати содиқона ва масъулияти баланди занону модарон ҷомеа рушд ёфта, пояҳои давлатдорӣ таҳким меёбанд.
Таъкид шуд, ки ғамхорӣ нисбат ба занону модарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат ба шумор меравад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагии бонувон, дастгирии ташаббусҳои онҳо ва ҷалби ҳарчи бештари занон ба идоракунии давлатӣ тадбирҳои муассир амалӣ гардидаанд.
Дар анҷоми ҳамоиши идона ба занону бонувон туҳфаҳои омоданамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.
Ҳамоиш дар фазои идона анҷом ёфт.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон



Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ