АЁДАТИ СОБИҚАДОРОН ВА ХОДИМОНИ СИЁСИВУ ДАВЛАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ МОДАР
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати таҷлили сазовор аз ҷашни Рӯзи Модар муовини Раиси шаҳри Душанбе - Одилзода Дилбар Раҳим ва масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба аёдати занону бонувони собдиқадори меҳнат, ки дар пойтахт истиқомат менамоянд, ташриф оварда, паёми шодбошӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ расониданд.
Зимнан, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ намояндагони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, аз буду боши онҳо бохабар шуданд.
Дар ин раванд бояд гуфт, ки масъулини Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳошияи баргузории Рӯзи Модар аёдати 50 нафар занон ва бонувони касбу кори гуногун ва собиқадори ҳизбу меҳнатро ба роҳ монданд.
Дар навбати худ бонувону занони собиқадор бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, фазои орому осудаи кишвар, ваҳдату истиқлоли Тоҷикистони азиз миннатдории самимии худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баён намуданд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ