image

ТАҶЛИЛИ "РӮЗИ МОДАР" ДАР ҚИСМИ НИЗОМӢ

date_range07.03.2026, 15:33 chat_bubble_outline0 remove_red_eye8

Дар қисми ҳарбии 02615 ба ифтихори Рӯзи модар бо иштироки муовини Раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Абдулмаинзода, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода ва роҳбарияти қисми ҳарбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.

 Зикр гардид, ки дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани Рӯзи модар нишонаи таваҷҷуҳ, ғамхорӣ ва эҳтироми хоссаи давлат ва Ҳукумати мамлакат, махсусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону модарон мебошад, зеро нақши онҳо ҳамчун неруи бузургу созанда дар ободиву пешрафти кишвар, камолоти маънавии фарзандон ва дар ниҳоди онҳо парвариши эҳсоси баланди худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори баланди ватандорӣ бемислу беназир аст.

Сипас баҳри болидахотирии сарбозон аз ҷониби ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаш гардид.