СЕМИНАР-МАШВАРАТ ВОБАСТА БА РУШДИ СОҲИБКОРИВУ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР ПОЙТАХТ
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои пойтахт ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо соҳибкорону сармоягузорон, ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар асоси Нақшаи кори Мақомот бо ташаббуси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе семинар - машварат дар мавзӯи «Муҳити сармоягузорӣ ва дастгирии давлатӣ: имкониятҳо барои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор гардид.
Семинар – машварат зери роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Исмоилзода Нурҷаҳон Ҷамшед сурат гирифта, дар кори он муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфзода Фаррух Юсуф, муовини Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Абдусалом, намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зайдуллозода Иззатулло, роҳбарони сохторҳои Мақомот ва соҳибкорони ҳудуди шаҳри Душанбе ширкат намуданд.
Зимни суханронӣ даъватшудагони семинар - машварат қайд намуданд, ки фазои сармоягузории Тоҷикистон, бахусус пойтахти он шаҳри Душанбе солҳои охир бо заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ куллан шакли нав пайдо намуда, шаҳри Душанбе бо як қаторҳо омилҳо аз дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ барои сармоягузорон макони ҷолиб арзёбӣ мегардад.
Зикр шуд, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёти кишвар ба таври мунтазам рушд намуда, бо муҳайё намудани имкониятҳо ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна ҳазорҳо ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода шавад. Маҳз татбиқи имтиёзҳои гумрукию андозӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии солҳои охир қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди устувори сармоягузорӣ ва соҳибкориро тақвият бахшид.
Ҳамчунин аз ҷониби баромадкунандагон роҷеъ ба равнақ бахшидани фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, додани қарзҳои имтиёзнок, гузариш ба сатҳи сифатан нави маъмурикунонии равандҳои барасмиятдарории андозӣ ва гумрукӣ, имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, пардохтҳои ғайринақдӣ, татбиқи шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ, фароҳам овардани имконияти декларатсиякунонии пешакии мол, кам кардани вақти барасмиятдарории гумрукӣ, бақайдгирӣ ва барҳамдиҳии электронии шаҳодатномаи соҳибкорӣ, инчунин, беҳтар намудани сатҳу сифати ҷамъоварии пардохтҳои андозию гумрукӣ ба буҷети давлатӣ ибрози андеша карда шуд.
Дар фарҷом миёни масъулин ва иштирокчиёни семинар-машварат муколамаи озод сурат гирифт, ки соҳибкорон ва ширкаткунандагон ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ