Шиносоии ҳайати рӯзноманигорони Қирғизистон бо фаъолияти муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе”
Аз 22-юм то 27-уми марти соли равон ҳайати бистучаҳорнафараи журналистони Ҷумҳурии Қирғизистон аз Тоҷикистон боздид менамоянд. Меҳмонон дар ин рӯз бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Телевизиони Душанбе” шинос шуданд. Ҳайати рӯзноманигорони Қирғизистонро директори телевизион Маъруфҷон Оқилзода ва кормандони муассиса бо унсурҳои миллӣ пешвоз гирифтанд.
Дар ҷараёни боздид меҳмонон бо студияҳо, утоқҳои корӣ ва раванди омода намудани барномаҳо аз наздик шинос шуданд. Онҳо имконият пайдо карданд, ки бо ҷараёни омода кардани хабарҳо, таҳияи барномаҳои иттилоотӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин фаъолияти техникии студияҳо аз наздик шинос шаванд.
Бинои нави телевизион дорои студияҳои муосири сабти барномаҳо, ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлис, синфхонаҳо ва дигар утоқҳои хизматӣ мебошад. Бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи рақамӣ ва форматҳои нави сабт, имконият фароҳам омадааст, ки барномаҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ, таҳлилӣ ва маърифатӣ дар сатҳи баланд омода ва пахш шаванд.
Дар баробари ин, бино барои баргузории консертҳо, ток шоуҳо ва барномаҳои калонҳаҷм низ мувофиқ мебошад.
Журналистони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ин муддат бо фаъолияти муассисаҳои телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои кишвар шинос мешаванд. Ҳайати журналистони кишвари ҳамсоя дар доираи ин сафар бо дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон шинос гардида, бо ҳамкасбони худ дар толори Академияи ВАО вомехӯранд.
Ҳамзамон, хабарнигорон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзоб боздид менамоянд.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон




Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ