image

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ - АМАЛӢ ДАР МАВЗӮИ "ТЕХНОЛОГИЯИ МУОСИРИ КИШТИ ПАХТА БО УСУЛИ ЗЕРИ ПЛËНКА ҲАМЧУН ОМИЛИ РӮËНИДАНИ ҲОСИЛИ БАЛАНД ДАР ШАРОИТИ ТАҒИРËБИИ ИҚЛИМ"

date_range04.04.2026, 18:40 chat_bubble_outline0 remove_red_eye4

Санаи 3 апрели соли 2026 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯи "Технологияи муосири кишти пахта бо усули зери плёнка ҳамчун омили рӯёнидани ҳосили баланд дар шароити тағйирёбии иқлим" баргузор гардид. 

       Дар кори семинар сардори Раёсати кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, намояндагони шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои кишоварзӣ, хоҷагидорону кишоварзон иштирок намуданд.

       Мақсад аз баргузории семинари мазкур таҳлилу баррасии масоили ҳалталаби рушди соҳаи пахтапарварӣ, аз ҷумла истифодаи технологияи муосири кишту парвариши пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва сифати он, зиёд намудани истеҳсол, коркард, роҳҳои пешгирӣ аз касалию зараррасонҳо ва чораҳои мубориза бар зидди онҳо, инчунин таъмини хочагидорон бо тухмиҳои хушсифати мебошад.

       Олимони соҳа дар маърӯзаҳои худ оид ба масъалаҳои ҳалталаби рушди соҳаи пахтапарварӣ, технологияи кишт ва парвариши пахта дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, интихоби навъҳо, коркарди замин пеш аз кишт, риоя намудани агротехникаи парвариш, ғизодиҳӣ, обмонӣ, мубориза бар зидди касалию зараррасонҳо, истифодаи дурусти заҳрхимикатҳо, тадбирҳои беҳтар намудани ташкили хоҷагиҳои тухмипарварӣ, тавсияву дастурҳо пешниҳод намудаанд.