image

ФЕСТИВАЛИ ГУЛҲО «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

date_range10.04.2026, 12:00 chat_bubble_outline0 remove_red_eye39

Имрӯз бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АП-952, талаботи қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 10 марти соли 2026, №209 ва қарори Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз 16 марти соли 2026, №31 «Дар бораи баргузор намудани фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе», фестивали гулҳо «Сайри гули лола» дар панҷ номинатсия, аз ҷумла «Боғи беҳтарин», «Гулгашти беҳтарин», «Кӯча ва хиёбони беҳтарин», «Гулпарвари беҳтарин» ва «Композитсияи беҳтарин» баргузор гардида, ҷамъбаст карда шуд.

Чорабинӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардида, бо иштироки муовини Раиси ноҳия муҳтарам Раҳимзода Нурулло доир гардид. 

Ғолибон бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.