image

ИСТИФОДАИ САМАРАНОК ВА МАҚСАДНОКИ ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ КОММУНАЛӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ 

date_range10.04.2026, 15:46 chat_bubble_outline0 remove_red_eye14

Дар IT-парки шаҳри Душанбе вобаста ба «Истифодаи самаранок ва мақсадноки объектҳои моликияти коммуналӣ дар шаҳри Душанбе» семинар - машварат баргузор гардид, ки дар он  намояндагони МИҲД шаҳри Душанбе, Хадамоти назорати давлатии истифодаи амволи давлатии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе, Раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳри Душанбе, соҳибкорон ва иҷорагирони объектҳои моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ширкат ва суханронӣ намуданд. 
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳмиддин Саломзода зимни суханронӣ рушди соҳаи соҳибкорӣ ва саромягузориро дар иқтисодиёти кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки имрӯз дар сиёсати иқтисодии давлат дастгирии ҳаматарафаи соҳибкорон ба инобат гирифта шуда, аз лиҳози ҳуқуқӣ Ҳукумати мамлакат чунин фазои озодеро муҳайё сохтааст, ки ҳар як фарди хоҳишманди баамалбарорандаи ин фаъолият имконияти озодона ташкилу амалӣ намудани онро дорад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инкишофи бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии таъмин намудани ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.
Дар ин замина аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати тақвият бахшидани шарикии давлат бо бахши хусусӣ, дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорону сармоягузорон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар рушду тараққиёти кишвар ҳамаҷониба тадбирҳои самарабахш роҳандозӣ карда мешавад.  

Сарвиноз Гулова
"ТВ Душанбе"