image

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range14.04.2026, 21:16 chat_bubble_outline0 remove_red_eye36

Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии «Мактаби - интернати мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ» даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд, ки дар он довталабон аз рӯйи 3 номинатсия: сарояндагӣ, навозандагӣ ва рассомӣ ҳунару маҳорати худро нишон доданд. 
 Дар қисмати оғози чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саодат Шукурзода  баромад намуда, таманиёти неки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо ба ҳозирин расонид.
 Ёдовар мешавем, ки масъалаи ташкил ва баргузор намудани озмуну чорабиниҳои сатҳи гуногун, бахусус озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ дар маркази диққати роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарор дода шуда, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ сари вақт роҳандозӣ карда шудаанд.