image

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ «ТОҶИ САРИ ҶУМЛА – ҲУНАРҲОСТ ИЛМ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range14.04.2026, 19:22 chat_bubble_outline0 remove_red_eye43

    Имрӯз дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла – ҳунарҳост илм» баргузор гардид. 

   Дар маросими ифтитоҳи озмуни мазкур муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Раиси комиссияи даври ноҳиявии озмун - Манижабону Аминзода, аъзои комиссия, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиён – хонандагони муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

   Зимни суханронии хеш Манижабону Аминзода қайд намуд, ки озмуни шаҳрии «Тоҷи сари ҷумла – ҳунарҳост илм» таҳти сарпарастии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли панҷум аст, ки дар доираи татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» роҳандозӣ гардида, ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию амалӣ, рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ равона гардидааст.

   Ҳамзамон, иброз намуд, ки озмуни мазкур барои дарёфт ва дастгирии хонандагони болаёқат, рушди қобилияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ, инчунин таҳкими малакаҳои истифодаи техникаву технологияҳои муосир мусоидат менамояд.

   Пас аз анҷоми қисми расмии ифтитоҳ, довталабон тибқи номинатсияҳо ба гурӯҳҳо ҷудо гардида, даври ноҳиявии озмун дар фазои шаффоф ва рақобати солим баргузор гардид.

     Пас аз баҳогузории ҳакамон 21 нафар довталабони арзанда аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо ба даври ниҳоии (шаҳрӣ) озмуни номбурда, пешниҳод карда мешавад.