image

ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ШАҲРИИ "ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ" ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

date_range14.04.2026, 19:47 chat_bubble_outline0 remove_red_eye36

 Бо мақсади иҷрои Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз санаи 13-уми марти соли 2026 таҳти №219 доир ба баргузор намудани озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар МТМУ 15-и ноҳияи Сино санаи 14-уми апрели соли 2026 даври дуюми озмуни мазкур оғоз гардид.

  Дар озмун иштирокчиёни синфҳои 8-11-и муассисаҳои таҳсилоти ноҳия аз рӯйи номинатсияҳо дар асоси Низомномаи озмуни шаҳрии "Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" ширкат варзиданд.

   Дар аввал таҳти роҳбарии намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Калонов А.С. ҷаласа баргузор гардид, ки дар он аъзои комиссияи озмун, намояндагони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Сино, шуъбаи маорифи ноҳия, "МД"Маркази наврасони ноҳия, иштирокчиён ва дигар шахсони масъул ширкат намуданд.

   Ҳадаф аз баргузории озмун, рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба омӯзиши амиқи фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бахшида ба солҳои 2020-2040 эълон гардидани бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои дақиқу риёзӣ дар соҳаи илму маориф, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо ва дар ин замина мусоидат намудан дар касбинтихобкунии наврасон аз рӯйи ихтисос ва касбҳои ба фанҳои мазкур алоқаманд баргузор мегардад.

   Дар итмом намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Калонов А.С. ба иштирокчиён барору комёбӣ ва муваффақият дар даври ноҳиявии озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм”орзу намуда, ба Тоҷикистони азизамон тарақиёту пешравии ҳамешагиро таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таманно намуданд.