ДУШАНБЕ, ҚАЛБИ ДИЁРӢ, НАБЗИ РУШДИ УСТУВОРӢ!
15 апрели соли равон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар толори мақомот ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ – фароғатӣ бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода, ходими сиёсӣ Кароматулло Олимов, Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева, муовинон, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳо, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, омӯзгорон ва сокинону меҳмонони пойтахт баргузор гардид.
Дар оғози чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Заррина Зуҳурзода баромад намуда, иштирокчиёнро аз номи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Сафар Маҳмадшо бо Рӯзи пойтахт муборакбод намуд.
Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Ватани азизи мо – шаҳри Душанбе рӯз аз рӯз ободу зебо гардида, ба яке аз пойтахтҳои зебои минтақа ва ҷаҳон табдил ёфтааст.
Бо мақсади таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи ноҳия, аз ҷумла ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати инфрасохтор, сохтмон ва таҷдиди роҳҳои дохилишаҳрӣ, таъмин намудан ба воситаҳои нақлиёти муосири ҷамъиятӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, иншооти варзишӣ ва боғҳои фарҳангиву фароғатӣ то имрӯз дар ҳамбастагӣ ва бо дастгирии бевоситаи сокинони ноҳия корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Сипас дар вазъи тантанавӣ ба кормандоне, ки то имрӯз дар пешрафту ободии ноҳия саҳми бориз гузоштаанд, сипосномаҳо супорида шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиши бошукуҳ бахшида ба Рӯзи пойтахт, устодони ҳунар ва эҷодкорони ҷавони санъат бо барномаи рангини фарҳангии иборат аз дастагули суруду мусиқӣ табъи иштирокчиёни ҷамъомади идонаро болида гардониданд.
Боиси тазаккур аст, ки имрӯзҳо пойтахти Ватани азизи мо - шаҳри Душанбе таҷассумгари симои давлату миллат маҳсуб меёбад ва воқеан ҳам ифодагари симои аслии давлату миллати кӯҳанбунёди мо - тоҷикон буда, дар радифи шаҳрҳои зебоманзари ҷаҳон мавқеи хосаро касб кардааст.
Пурсиш
Тегҳо
Мушаххасоти моҳвора
Моҳвора: Yahsat 1A (52.5°E)
Басомад: 11 785 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 27500 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS
Моҳвора: NSS 12 (57.0°E)
Басомад: 11 566 МГс
Поляризатсия: H
Суръати символӣ: 10750 Мсимв/сек
Модулятсия: DVB-S2/8PSK/MPEG-4/HD
FEC: 3/4
Рамзгузорӣ: BISS






Aсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон





Шарҳҳо (0)
Иловаи шарҳ