image

ХАТСАЙРИ САЙЁҲИИ «САЙРИ ШОМГОҲИИ ДУШАНБЕ»

date_range17.04.2026, 08:52 chat_bubble_outline0 remove_red_eye7

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт аз 17 то 19 апрел барои сокинону меҳмонон хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад.
Хатсайр аз соати 19:00 дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, ҳадафи асосии он рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳр, баланд бардоштани ҷолибияти пойтахт барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани фароғати фарҳангӣ барои сокинон мебошад.
Дар доираи ин хатсайри шомгоҳӣ иштирокчиён имконият доранд бо мавзеъҳои зебоманзар, иншооти муосир, марказҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос шаванд. Барнома инчунин фароғати фарҳангӣ ва иттилоотӣ дар бораи таъриху рушди пойтахтро дар бар мегирад.
Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳони худро дар хатсайри сайёҳии мазкур тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel) ва почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2212561; 777000443; 555080303; 003881616 (тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайрҳои мазкур ройгон истифода баранд.
Чунин иқдомҳо дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони бештар ва тақвияти симои байналмилалии шаҳри Душанбе аҳамияти муҳим доранд.